Мулоқоти муовини ректор Аминҷонова Мавлудахон бо донишҷӯёни факултети корҳои кӯҳӣ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон вохӯрии муовини ректор оид ба корҳои тарбия Аминҷонова Мавлудахон бо донишҷӯёни факултети корҳои кӯҳӣ баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Самадова Гули ва муовини декани факултет оид ба тарбия Холбобоев Рафиқҷон низ суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрии мазкур оид ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, риояи одобу ахлоқ, эҳтироми волидайн, одоби салом, даст на задан ба ҷинояткорӣ, эҳтироми муқаддасоти Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, дуруст азбар намудани донишҳои муосир, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аъло хондан ва фаъолона ширкат намудан дар корҳои таҷрибаомӯзӣ, дуруст истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра суханронӣ сурат гирифт. Профессор Аминҷонова Мавлудахон таъкид намуд, ки дар ин шабу рӯз донишҷӯён бояд фаъол бошанд ва ҳамеша баҳри пешрафти ватани азизамон Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузоранд. Мавсуф иброз дошт, ки саҳми донишҷӯён дар рушди Ватан ин хубу аъло хондан ва содир намудани ҷиноят мебошад.Дар интиҳо ба донишҷӯён як силсила машваратҳо дода шуд, то фаъолона аз пайи омӯхтани донишҳои муосир гарданд.