Имрӯз, дар маҷлисгоҳи бузурги Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ин санаи муқаддас табрику таҳният гуфт. Сипас, роҷеъ ба касби истиқлол намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими он ибрози андеша намуда, қайд намуд: “Ҳоло Тоҷикистон аз мамлакати рӯ ба рушд ба давлати тараққиёфта табдил ёфтааст, ки ин бурди бузург ва муваффақияти хеле назаррас мебошад. Дар фурсати кӯтоҳе мо ба даствовардҳои беназир ва бузург ноил гардидем, ки дар он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҳам бузург мебошад. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки миллатро аз парокандагӣ наҷот дода, ҷомеаро ба ҳам оварданд ва арзишҳои фарҳангиву миллии моро ҳифз намуданд, ки ин кори саҳлу сода нест. Талошҳои Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими истиқлолият ва муаррифии қудрати миллат дар арсаи ҷаҳонӣ басе бузург ҳастанд ва ҳамин аст, ки аксарият ин муваффақияти тоҷикон ва ҷонфидоии Сарвари маҳбуби ҷумҳуриро тавсиф менамоянд”.
Ҳамчунин, дар мавриди ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлати ибрози назар намуда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки меҳандӯсту хештаншинос бошанду донишҳои муосирро хуб аз худ намоянд.
Дар чорабинии имрӯза ҳамзамон, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Бобоев Маҳмадалӣ номаи табрикотии Кумитаи иҷроияро ба самъи ҳозирин расонида, ҳайати профессорию омӯзгории донишкадаро ба 32- солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфт.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ – иҷтимоӣ дотсент Абдуллоев Икром суханронӣ намуда, ҳамагонро бо 32-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, сипас дар мавзӯи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори давлатдории навини тоҷикон” маърӯза намуд. Мавсуф, нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон муассир арзёбӣ намуда, даврони истиқлолиятро давраи рушду тараққӣ ва пешрафти тоҷикон арзёбӣ кард.
Зимни баргузории чорабинӣ ба як қатор кормандон, донишҷӯён ва фаъолон нишони “Аълочии маорифи ва илм”, ифтихорномаву раҳматнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар интиҳо роҳбарияти донишкада ба баргузоркунандагони чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд. Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси сохтори тарбия гузаронида шуд.