ИФТИХОРНОМА МУБОРАК , УСТОДОНИ АРҶМАНД!

Имрӯз, ду нафар омӯзгорони фаъол ва пешсаф, фарзандони ҷонфидо ва пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз донишкада Давлатов Давлатмаҳмаҳмад-Раиси Иттифоқи касабаи донишкада, Саидов Анвар-муовини декани факултети электромеханика оид ба корҳои тарбиявӣ дар як чорабинии бошукӯҳ  барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи илму маориф, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода  бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд. 

Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ин ду омӯзгори пуртаҷриба ва меҳандӯсту содиқ ба арзишҳои миллиро самимона табрику таҳният гуфта, барояшон дар корҳои минбаъда муваффақияту комгориҳо таманно менамояд.