Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ оид ба фаъолияти шашмоҳа баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ширкат намуданд. Нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ карда, сараввал ҳозиринро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу оштӣ бисёр шам бориз хонд ва ба ҳамагон саодату муваффақият таманно кард.Сипас, аз муовинони соҳавӣ ва деканҳо, мудирони кафедраҳо даъват ба амал овард, ки софдилона аз фаъолияти хеш ҳисобот диҳанд, чунки инсон аввал бояд дар назди виҷдони худ ҳисобот диҳад, сониян ин хел инсон метавонад, масъулиятшинос бошад.
Дар ҷаласаи мазкур сардори раёсати таълим дотсент Осими Оқил оид ба фаъолияти соҳаи таълим, муовини ректор оид тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон оид ба соҳаи тарбия, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо оид ба соҳаи илму инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ ҳисобот доданд.
Ҳамзамон, зимни ҳисоботдиҳӣ муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо Стратегияи панҷсолаи рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро ба ҳозирин муаррифӣ кард.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ин иқдом хуш истиқбол намуда, зина ба зина рушд кардани донишкадаро муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамчунин, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба масъулин дастур дод, ки дар навиштани лоиҳаҳо, ҷорӣ намудани нишондиҳандаҳои илмӣ дар истеҳсолот фаъол бошанд ва дар саноатикунонии босуръати кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Таъкид карда шуд, ки мо, зиёиён вазифадор ҳастем, ки барои рушди иқтисодиёт, рушди саноат лоиҳаҳо ва идеяҳои навро пешниҳод намоем ва илмро дар истеҳсолот татбиқ намоем. Тарбия намудани мутахассисони варзидаи соҳа ин саҳмгузорӣ бар рушд аст.
Ҳамчунин, дар интиҳои ҷаласа ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳозирин ҷиҳати фаъолияти сермаҳсул изҳори миннатдорӣ баён намуда, сипас таъкид намуд, ки дар оянда раёсати донишкада талош менамояд, минбаъд барои дастгирии кормандону омӯзгорон як қатор иқдомҳоро роҳандозӣ намояд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба як қатор омӯзгорони фаъол, ки курси таълимии зеҳни сунъиро хатм кардаанд, сертификатҳоро тақдим намуд.