ДУШАНБЕ, 21.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳод, ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ ва ваҳдат миллатро пурқудрату осебнопазир ва устувор мегардонад. Миллат соҳибваҳдат, бузургу қавӣ ва саодатманду муваффақ мешавад. Ваҳдат миллатро тавону нерӯ ва қувват мебахшад ва инро мо набояд фаромӯш созем!. Дар танҳоӣ, алоҳидагӣ инсон ҳаргиз ба арзишҳои воло дастёб намегардад ва ҳамеша ваҳдату ҳамбастагӣ ҷомеаро ба мақсуд мерасонад. Чунин нигоштааст ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст. Дар зер шакли пурраи мақоларо пешниҳоди хонандагон мегардонем.
— Маъмулан, халқиятҳои хурд интизори шаҳди иттиҳод мемонанд ва ё ин ниёз барояшон ҳамчун ормон боқӣ мемонад, агар фарзандони устувор, далер, фидоӣ, содиқу ватандӯст ва инсони асил тарбият накунанд. Ҳамин аст, ки дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон насли башар барои иттиҳоду ҳамбастагӣ талош менамоянд ва ҳар куҷое ҳамбастагиву ҳамдилӣ ба вуҷуд омадааст, он мардум саодатмандтарин аҳли сайёра гардидаанд. Ҳамон гуна, ки Максим Горкий мегӯяд: «Як нафар агарчӣ бузург ҳам бошад, ҳамоно хурд аст». Бале, бидуни иттиҳоду ваҳдат ҳамоно даъвои саодат кардан нашояд. Ваҳдати миллат бақои давлати соҳибистиқлол аст!
Маҳз талошҳо ва кӯшишҳои абармарди меҳандӯст ва ҷасури Ватан –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар рӯзҳои сангини солҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳнамои мардум гардид ва бар миллати тоҷик саодат оварданд.
Тоҷикистонро аз пора-пора гардидан наҷот дода, миллатро сарҷамъ карда, умедро ба дилҳо баргардонданд. Корнамоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидани миллат ба сулҳ ва ваҳдати комил, рушди давлат, ободии ҷомеа, муаррифии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ басо бузург аст. Метавон бо боварӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон меъмори давлатдории навини тоҷикон аст. Маҳз талошу ҷонфидоӣ, азхудгузариву устувории Сарвари давлат буд, ки миллати тоҷик кунун сарҷамъ асту орому осуда зиндагӣ менамояд ва аз саодати мудом лаззат мебарад.
Ин хидмати бузурги фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари хирадманду оқил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорсолаҳо аз хотираи халқ ва таърих нахоҳад рафту бо ҳуруфи заррин сабт хоҳад шуд.
Раванди барқарории давлатдории тоҷиконро ҳамагон назора менамуданд ва дар ин маврид бо дидани корнамоиҳои Роҳбари давлат дар солҳои мухталиф собиқ як сарвари давлати минтақа гуфтааст : «Ман чунин ҳисоб мекунам, ки Президент Раҳмонов тавонист, ки дар солҳои охир кори бузургеро анҷом диҳад — миллатро муттаҳид намояд, раванди оштии миллӣ ва ризоиятро оғоз кунад. Имрӯз ин раванд бебозгашт шудааст ва мо, тамоми кишварҳои ҳамҷавор аз ин хеле шодем. Ин саҳми бузург дар мусолиҳаи миллӣ, истиқрори сулҳ ва рушди минбаъдаи давлати тоҷикон аст».
Заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷаҳониён дида, баҳои баланд додаанд. Ҳамон гуна, ки яке аз собиқ сарварони Амрико мефармояд: «Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи барои давлаташ бениҳоят мураккаб инони давлатро ба даст гирифт. Аммо ӯ тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар мамлакат барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад. Чунин сиёсатмадорон ангуштшуморанд».
Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бар ин ақида буд, ки зуҳури Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои ӯ давлати тоҷикон дубора эҳё гардид ва дар ин маврид чунин гуфта буд: «Мисли он ки аз баракати талошҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯҳи Сомониёни бузург пас аз ҳазор сол эҳё ва парчами давлатдории тоҷикон то абад пойдор гардид, ҳамчунон номи ӯ низ дар ҳофизаи наслҳои сипосгузори баъдӣ абадан боқӣ хоҳад монд».
Дарвоқеъ ин ҳама талошҳои ин фарзанди бовафо буд, ки миллат сарҷамъ гардиду ба ваҳдат расид ва ҳоло аз ин шаҳд лаззат мебарад ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузургу омӯхтанист.
Ин ваҳдат ва ин ҳамдилие, ки имрӯз дар мо ҳаст, дар саргаҳаш Эмомалӣ Раҳмон меистанд ва мо набояд ин корномаи бузурги як ватандӯсти асили тоҷикро фаромӯш созем. Зеро ин корнамоиро бояд омӯхт, ин ҳолати таърихиро барои насли оянда гузошт ва таъкид намуд, ки маҳз бо ғуруру номуси тоҷикияш, ҷасорату шуҷоати тоҷикияш Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки давлати тоҷиконро аз парокандашавӣ наҷот бидиҳад.
Маҳз бо ба даст овардани истиқлолият ва сулуҳу ваҳдат Тоҷикистон комилан дигар шуд, рушд кард, тараққӣ намуд ва имконияти бештар пайдо гардид. Насли ҷавонро зарур аст, то ба қадри ин ҳам неъматҳо бирасад ва ҳамзамон тавонад, ки барои ободиву созандагии ватани азизамон саҳм гузорад. Лозим ба ёдоварист, ки ҷавононро зарур аст, то ҳар лаҳзаву ҳар сония ҳушёру зирак бошанд ва ҳисси миллӣ дошта бошанду Ватанро аз гумони бади душманон наҷот диҳанд. Забону фарҳангро ҳифз намоянд ва маънии аслии ваҳдатро сарфаҳм бираванду барои ваҳдати дилҳо ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Ваҳдат ин арзиши бузург аст ва бояд ба ин арҷ гузошт ва гиромӣ дошт. Инсоният бояд дар ваҳдату ҳамбастагӣ зиндагӣ намояд ва ҳамеша дар фикри сулҳу оромӣ ва гиромидошти ин неъматҳо бошад. Онро қадр намояд! Хулоса, ин миллат бо ин ҳама бузургиву таърихи фаровон чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз ин имкониятро дорад, ин ифтихорро дорад, ки бо доштани фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷояш ба мисли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фахр намояд.
Шахсиятҳои таърихсоз ва давлатсоз ҳамеша барои миллатҳо ва халқиятҳо шароити беҳтаринро фароҳам меоваранд ва ин шароит миллатҳоро ҳамдил ва қарин месозад, ки ин ҳам як раванди таърихӣ ва расидан ба ҳадафҳои олии бунёдӣ мебошад ва Сарвари маҳбуби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо формулаи махсуси хеш як роҳи нави давлатдорӣ, як роҳи нави расидан ба сулҳу оштӣ ва як формулаи нави рушдро кашф созад ва миллати тоҷикро соҳибваҳдату саодатманд гардонад, ки ин падидаи олии роҳбарӣ дар замони муосир мебошад.
https://khovar.tj/2023/06/bahtiyor-ma-madal-dar-sarga-i-va-dat-va-amdilii-imruzi-mo-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-meistad/
https://khovar.tj/2023/06/bahtiyor-ma-madal-dar-sarga-i-va-dat-va-amdilii-imruzi-mo-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-meistad/
АКС аз манбаъҳои боз