Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои олимон бо ширкати аъзоёни фаъоли Шӯро баргузор гардид. Қабл аз оғози ҷаласаи Шӯрои олимони донишкада ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон таманниёти аҳли раёсати донишкадаро расонида барои хидматҳои шоён ва пурмаҳсул изҳори миннатдорӣ баён намуд ва туҳфаҳо тақдим сохт.
Сипас, бо тариқи овоздиҳӣ ҷаласаи 11-уми Шӯрои олимон оғоз карда шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳим баррасӣ гардида, як қатор масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ карда шуд. Дар ҷаласаи мазкур ҷудо намудани маблағ барои нашри монографияҳо ва адабиёти соҳавӣ низ дида баромада шуд ва таъкид карда шуд, ки маблағҳои зарурӣ минбаъд ба нақша гирифта шавад.