Зодрӯз хуҷаста бод, устоди арҷманд!

ЗАМОНИДДИН ГАВҲАРШИНОСЕ ДАР МИЁНИ ГАНҶҲО
Имрӯз, устоди гиромӣ профессор Замониддин Насриддинов зодрӯз доранд ва дар ин санаи нек аз кору пайкори эшон чанде ёдовар мешавем, то хонандаи закӣ аз ин олими ҷавон ифтихор намояд, ки ватанаш чунин фарзандони некном дорад.
Насриддинов Замониддин муовини аввали ректори донишкада буда, дар тарбия намудани мутахассисони варзидаи соҳаи кӯҳкорӣ саҳми бориз доранд. Дар ин рӯзи милод аз лаҳзаҳои хотирмон ва ибратбахши зиндагии устоди арҷманд, фарзанди ватандӯсти миллат муҳтарам Насриддинов Замониддин нагуфтан иштибоҳ хоҳад буд. Зеро ҳар муассисае ҳар коргоҳе, ҳар пажӯҳишгоҳе бо доштани чунин кадри соҳибтаҷриба ифтихор менамояд ва барои ҳар корманд ҳам дар паҳлӯи Насриддинов Замониддин будан ифтихор аст. Воқеан ҳам устод Насриддинов Замониддин бо маънои томаш УСТОД ҳастанд.
Асарҳои таълифнамудаи устоди арҷманд профессор Насриддинов Замониддин дар донишгоҳҳои Юнон, Нидерландия, Белорусия, Қазоқистон, Украина ва Россия мавриди истифодаи ҳатмии донишомӯзон қарор дорад. Ҳамчунин, мақолаҳои зиёди таълифнамудаи устод Насриддинов Замониддин баҳри тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ аз ҳудуди 100 мегузарад, ки ин ҳам заҳмати андак нест. Воқеан ҳам устоди гиромӣ Замониддин ҳисси баланди меҳандӯстӣ доранд ва бениҳоят дилсӯз мебошанд. Устоди арҷманд муҳтарам Насриддинов З.З. дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд ва дар ин самт корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд. Роҷеъ ба талошу кӯшишҳои устоди азиз Насриддинов Замониддин баҳри баланд бардоштани сифати таълим дар донишкада, бознамоии озмоишгоҳҳои соҳавӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор агар бигӯем шояд саҳифаҳо камӣ кунанд. Чунки устод Насриддинов З. пайваста дар ин самт вақти хешро сарф менамоянду кӯшиш менамоянд, то барои давлату миллат содиқона хидмат намоянд.
Устод Насриддинов З. дар байни кормандон бо садоқату самимият ва дилсӯзиву хоксорӣ шуҳрат доранд ва ҳамеша бо ин сифоти нек ҳайати кормандон эшонро эҳтиром менамоянд.
Ҷиҳати дигаре, ки барои хонандаи азиз бояд бигӯям ин маҳорати омӯзиш ва пайваста ворид намудани навгониҳое дар самти пажӯҳиши геолгияву менералогия мебошад.
Насриддинов Замониддин аз олимони ҷавон ва донандаи се забони хориҷӣ мебошад, ки бо ин илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Будани чунин олими ҷавон, забондону поквиҷдон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон боиси ифтихори мо ва ҳамчунин бозёфту бурд аст. Насриддинов Замониддини арҷмандро метавон як гавҳаршиносе дар қалби ганҷҳо номид.
Бар устоди азизу арҷманд, фарзанди меҳандӯст, олими асил муҳтарам Насриддинов Замониддин дар ин рӯзи накӯи мелодашон саодатмандиву сарбаландӣ, сиҳатмандиву умри пурбаракат ва фатҳи қуллаҳои баланди илмро таманно намуда, барояшон амали гардидани тамоми орзуҳои некашонро аз Парвардигор хоҳонем! Садсола шавед! Зодрӯз хуҷаста бод, устоди арҷманд!
Аксҳо аз ҷараёни кор: