Дирӯз, Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаи комиссияи озмунӣ омӯзгори фаъоли донишкада, олими ҷавон ва пажӯҳишгари равзамир Раҳимов Ҳаётқулро ҳамчун “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2021-2022” эътироф ва бо диплом қадрдонӣ намуд. Аз ин дастоварди олими ҷавони донишкада Раҳимов Ҳаётқул мо ҳайати профессорию омӯзгории донишкада хушҳол буда, ба ин олими ҷавон муваффақиятҳои баланди илмиро таманно менамоем.