Дирӯз, фазои донишкадаро хабари хӯше фаро гирифта буд ва он ҳам бошад, нашри адабиёти мукаммали таълимӣ аз ҷониби олимони донишкада аст. Омӯзгори пешсафи кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ, равшанфикри фаъолу пажӯҳишгари масоили ҷамъиятӣ Иззатуллоев Рафтор дар ҳамҷоягӣ бо омӯзгори фаъоли кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зуҳро асаре бо номи “Фарҳангшиносӣ”- ро таълиф намудаанд, ки имрӯз дастраси хонандагон гардид.
Асари мазкур аз 13 боб иборат буда, мавзӯоти фанни фарҳангшиносиро ҷиҳати таълим бо дидгоҳи миллӣ фаро мегирад. Нашри дастури мазкур ҳамчун васоити таълимӣ ба забони тоҷикӣ хеле кори нек буда, барои донишҷӯён имконияти бештар мебошад. Мавзӯоти китоби мазкур хеле ҷолиб баррасӣ шуда, хонандаро ба худ ҷалб месозад.