Дирӯз дар толори Шӯрои олимони донишкада семинар- машварат бахшида ба рӯзи 9-уми май бо ширкати собиқадорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҳаводиси таърихии солҳои 1941-1945 ва нақши таърихиву ҳалкунандаи тоҷикон дар он ибрози андеша намуд.
Сипас дар чорабинӣ ҳамчунин муовини раиси Шӯрои собикадорони ҷангу меҳнат Ибодов Х, муовини раиси ҷанговарони интернатсионалист Кенҷаев Субҳон суханронӣ намуда, доир ба ҳифзи марзу бум ва адои қарзи шаҳрвандӣ, қаҳрамонии фарзандони тоҷик дар набардҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ изҳори андеша карданд.
Сипас, муовини декани факултети металлургия Расулова Мунзифахон доир ба афроди саршинос ва чеҳраҳои таърихӣ, ҳамовозӣ баҳри пойдории адолат дар ҷаҳон аз ҷониби ҳамватанон, нақши қаҳрамонфарзандони миллат дар ҶБВ суханронӣ намуда, қаҳрамонии фарзандони тоҷикро бемислу монанд арзёбӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси факултети металлургия гузаронида шуд.