Санаи 27 апрели соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва ба ифтихори 145 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди илм дар Тоҷикистон», баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории конференсияи мазкур ин поягузорӣ ва арҷгузорӣ ба илми тоҷик, гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ мебошад.
Нахуст, кори конференсияро Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З.М., ҳусни оғоз бахшид.
Ҳамзамон дар кори конференсия муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврони Абдуқодир иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин дар конференсия муовинон ва кормандони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, ректорони донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди вилоят, раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, олимон, донишмандон аъзоёни фаъоли ҳизб, собиқадорони ҳизбию давлатӣ ва намояндагони воситаи ахбори омма иштирок доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар конференсия як қатор маърӯзаҳои илмии дорои мазмуну мундариҷаҳои пурмӯҳтаво ба монанди “Ташаббус ва ибтикороти Пешвои миллат дар ҷодаи рушди илм ва адабиёт” аз тарафи раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З.М., “Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат”, ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии мавзӯъ” аз тарафи устод Абдуллоҳи Раҳнамо сиёсатшинос, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳангӣ миллӣ, “Афкори иҷтимоӣ – сиёсии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ” аз ҷониби Неъматҷон Файзуллоев доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, “Нақши ҲХДТ дар рушди илму маорифи Тоҷикистон” аз тарафи Шарифзода Муъмин Машокир доктори илмҳои иқтисод, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шунида шуданд.
Дар идомаи кори конференсия таъкид гардид, ки Пешвои миллат дар ҳамаи суханрониҳои худ оид ба рушди нумӯи илму маориф ва дастгирии олимону ходимон ва омӯзгорон дар кишвар таъкид менамоянд, зеро дар замони муосир дастовардҳои арзандаи кишварҳои абарқудрату мутамаддин собитгари он аст, ки омӯзондани илм ба насли ҷавон, фароҳам овардани имконоти ташаккулёбӣ ва муҳайё намудани омилҳое, ки барои рушди зеҳниву ҷисмонии онҳо замина мегузорад, асоси рушди пешрафти ҳар як кишвар маҳсуб меёбад. Бинобар он насли ҷавон ба сифати як нерӯи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда эътироф шудааст, мақоми сиёсию иҷтимоии он низ на фақат нерӯи демократии давлатро балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунад.
Маҳз ҳамин ҷанбаҳои муҳимми тақдирсози кишварро ба инобат гирифта, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва ба ифтихори 145 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди илм дар Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии ҳудуди вилоят баргузор намояд.
Бояд қайд намуд, ки конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат ва рушди илм дар Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва ба ифтихори 145 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар панҷ бахш доир гардид.
Дар кори конференсия ҳамчун арҷгузорӣ ба 10 нафар олимони шинохтаю варзида, ки дар пешрафти илми тоҷик саҳми назаррас гузоштаанд, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Ҳамчунин ба муаллифони мақолаҳои илмии беҳтарин сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдим гардид.