Ҷаласаи Иттифоқи касабаи донишкада

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи раёсати Иттифоқи касабаи донишкада бо ширкати кормандону омӯзгорон баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси Иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мактуби расмии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз санаи 10.04.2023с, ҷиҳати ихтисор намудани шуъбаву кафедраҳо ва ҳамчунин ҷойҳои корӣ ба хотири баромадан аз вазъияти муфлисшавии донишкада, ки раёсати донишкада тасмим гирифтааст, мулоҳиза намуда, мактуби мазкурро манзури ҳозирин гардонид.

Дар мактуб, ки номи як қатор кафедраҳо, шуъбаҳо ва факултетҳо, ки бояд ихтисор шаванд омада буд.

Раиси Иттифоқи касабаи донишкада ҳолатро ба ҳамагон фаҳмонида, талаб намуд, ки барои рушди ояндаи Донишкада ин тасмими раёсатро ҳамагӣ хуш бипазирем.

Ҳозирин ҳолатро ба хубӣ дарк намуда, ба раёсати донишкада ҳамовозӣ намуданд.