Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика мебошад”. Барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва инкишофи минбаъда Ҳукумати кишвар чор ҳадафи стратегиро ба нақша гирифтааст: таъмини истиқлолияти энергетикӣ; раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ; ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии бо суръати кишвар. Барои пешрафти иқтисодиёти кишвар Тоҷикистонро зарур аст, ки пеш аз ҳама, ба истиқлолияти энергетикӣ ҳарчӣ зудтар ноил гардад.
Барои амалӣ намудани ин ҳадафҳои стратегӣ Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамаҷониба ҷидду ҷаҳд менамояд.
Дар ин замина, тибқи нақшаи чорабиниҳои донишкада санаи 19 апрели соли 2023 конфронси онлайнӣ тариқи (ZOOM) “Шабакаҳои барқӣ: Эътимодият, бехатарӣ, энергосарфа ва ҷабҳаҳои иқтисодии он” бо якҷоягии Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазон, Донишгоҳи давлатии Орлов ба номи И.С. Тургенев, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ гузаронида шуд. Конфронси байналмилалиро ноиб рректори Донишкадаи кўҳию металлургии муовини ректори оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилӣ Умарҷонов А.А. ифтитоҳ намуданд. Дар конфронси болозикр аз чор донигоҳҳо зиёда аз 100 нафар ҳайати устодон ширкат варзиданд.
Дар кори конфронс Чернишов В. А. н.и.т., дотсенти кафедраи таҷҳизотҳои барқӣ ва энергосарфа Донишгоҳи давлатии Орлов ба номи И.С.Тургенев, Каменский Вадим Владимирович дар мавзўи “Автоматический перевод двойных замыканий на землю в однофазные как способ повышения эффективности функционирования сетей 6-10 кВ”, н.и.т, профессори кафедраи Таъминоти барқи ДПДТТ Рахимов Охунбобо Сайфиддинович дар мавзўи “Интегральный показатель систем с источниками распределенной генерации”, н.и.т., дотсенти кафедраи Системаҳои электроэнергетикӣ ва шабакаҳои Донишгоҳи давлатии Қазон Хузяшев Рустэм Газизович дар мавзўи “Определение места повреждения в распределительных электрических сетях среднего напряжения”, дотсенти кафедраи таъминоти барқ Қодиров А. дар мавзӯи “Физика и техника преобразования пневматической энергии высокого давления и тепловой энергии воды в электрическую пневмо- гидростатическим способом” ва дигарон маърўзаҳои илмӣ намуданд.
Баргузор намудани ин гуна ҳамоишҳои илмӣ барои пешрафт ва тараққиёти илму техники барои ҳарду давлатҳо ҳам Федератсияи Русия ва ҷумҳурии Тоҷикистон аз манфиат холӣ нест. Ҷонибҳо аз тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ чунин ҳамоишҳоро бисёртар амалӣ менамоянд.