Дирӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада вохӯрии гурӯҳи корӣ иборат аз олимону пажӯҳишгарон ва руҳониёни дин бо омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлуда ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба моҳияти фаъолияти гурӯҳи корӣ, мақсаду мароми он сухан ронд.
Сипас, дар ҷараёни ҷаласа Тоҷибой Султонзода мудири рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи вилояти Суғд, Ҳоҷи Ҳусейн Мӯсозода раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд, Аъзам Ҳотамӣ намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Фаттоев Ҳотамҷон мушовири Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон роҷеъ ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифрогаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа суҳбат намуданд.
Зимни мулоқот меҳсонон хеле таҳлилҳои ҷолиб ва далелҳои амиқро манзури ҳозирин намуданд, ки ҳамагӣ аз ин суҳбат хушҳол ва завқманд гардиданд.