Бо бароҳ мондани барномаи махсуси истифодабарии китобҳои электронӣ аз тарафи китобхонаи электронии донишкада сифати хизматрасониро боло бурдааст.
Имрӯзҳо донишҷӯён ба таври васеъ аз китобхонаи электронӣ истифода намуда, барои такмили дониши худ ва омода шудан ба дарсҳои омӯзгорон талош менамоянд, ки ин фоли нек мебошад. Феълан, ҳамарӯза ба китобхонаи электронии ДКМТ теъдоди зиёди хонандагон ворид гардида, аз адабиёти он истифода мекунанд.
Тавре Неъмат Салимзода масъули китобхонаи илмӣ-электронӣ ба шуъба хабар дод, аз ҷониби масъулони китобхона пайваста миёни донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ барои истифодаи дурусти интернет ва хазинаи китобҳои электронӣ гузаронида мешавад. Дар навбати худ китобхонаи электронии донишкада ҳоло барои боз ҳам беҳтар намудани усулҳои истифодаи барномаи махсуси китобхона талош дорад. Гуфта мешавад, ки баъд аз коркарди барнома донишҷӯён имкон пайдо менамоянд, ки китобҳои дархостии хедро аз рӯйи самтҳо (категория) осон ва зуд пайдо карда, аз онҳо истифода намоянд.