РАИСИ ШӮРО: САРМОЯГУЗОРӢ БА ХОТИРИ РУШДИ НЕРӮИ ИНСОНӢ ВАЗИФАИ ҶОНИИ МОСТ

Тибқи нақшаи Шӯрои илмӣ-методии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон санаи 6-уми апрел ҷаласаи навбатии Шӯро зери роҳбарии профессор Насриддинов Замониддин баргузор шуд, ки дар он аъзоёни Шӯро – сардори раёсати таълим, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои мубраме, ба монанди а) фаъолияти маҳфилҳои илмии дар назди кафедраҳо амалкунанда, б) раванди таълими магистрантону донторантон (PhD), в) истифодаи усулҳои муосири таълим ва осори таълимию методии омӯзгорон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

          Раиси Шӯро, профессор Насриддинов З.З. ҷиҳати саривақт ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Сипас, мавсуф масъалаҳои баррасишаванда ва фаъолияти бархе аз сохторҳоро натиҷагирӣ намуда, таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷӯҳи махсус равона менамоянд. Аз ин рӯ  мо – кормандони соҳаи маорифро  мебояд барои рушди ин соҳа, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокиву саводнокии насли ҷавон, беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот талоши худро дучанд намоем.