РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон насли башарро аз мушкилот раҳоӣ мебахшад

ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар  арсаи байналмилалӣ мақоми тоҷикон ва Тоҷикистон боз ҳам маъруфият касб менамояд ва ин ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошад. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат барои беҳтар гардидани зиндагии насли башар, ширин гардидани ҳаёт ва баробар истифода намудани неъматҳои табиат равона гардидааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шудааст. Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ вобаста ба Конференсияи оби Созмони Милали Муттаҳид, ки 22-24 март дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор шуд, ба АМИТ «Ховар» ибрози назар намуд.

— Ҷаҳони муосир новобаста аз тараққиёту пешрафти гуногунҷанба ҳамоно масоили ҳалношудаи вобаста ба зисти инсонро низ дорад, ки ба он инсоният таъсири амиқ гузошта метавонад. Дар ҳама давру замон инсоният ба дастгирӣ, мусоидат, дастҷамъӣ ва ҳамраъйӣ ниёз дошт ва дорад. Гузаштагони мо ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим барои насли башар ҷиҳати расидан ба роҳи рушд ва сазовор гардидан ба имконияти шоистаи зиндагӣ мусоидат намудаанд.

Яке аз ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат — ин Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 мебошад, ки аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ба хубӣ қабул карда шуд ва ин ташаббус  на танҳо барои  давлатҳои  минтақа, балки барои тамоми сайёра муҳиму наҷотбахш  мебошад. Яъне, масъалаи об ва норасоии оби тоза ҳанӯз ҳам дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон мушкилоти  асосӣ ва таҳдидкунанда  мебошад. Аз ин лиҳоз, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва баррасӣ намудани ин масъала дар сатҳи баланд худ як навъ ғамхорӣ ва дилсӯзии миллати тоҷик бар насли башар мебошад.

Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамраисӣ бо Подшоҳии Нидерланд  баргузор гардид, яке аз чорабиниҳои муҳими таърихӣ мебошад ва ин бори дигар ғамхории миллати тоҷикро нисбат ба насли башар исбот намуд. Конфронси мазкур аз чанд ҷиҳат фарқкунанда буда, дар он намояндагони зиёда аз 170 давлат ва ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ иштирок намуданд.  Конфронс аз конфронси  қаблӣ, ки қариб 50 сол пеш баргузор гардида буд хеле тафовут дошт ва ҳадафи асосии он ҳамоҳангсозии талошҳои давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, дар маҷмуъ муттаҳидсозии ҷомеаи  ҷаҳонӣ  барои  ҳали мушкилоти марбут ба об ва иқлим дар сайёра  буд . Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мусоҳибаи хеш ба хабарнигори телевизиони СММ иброз намуданд, ки «…Конфронси мазкур таърихӣ аст, зеро он дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид бори дуввум — баъди қариб 50 сол  ба вуқуъ пайваст. Мо, мизбонони Конфронс дар ин ҷода талошҳои зиёд кардем ва умед дорем, ки он аз рӯи натиҷаҳои самарабахши худ таърихӣ хоҳад гардид.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи захираҳои об дар сайёра, махсусан оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол муташанниҷ гардида истодааст.

Барои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафи 6-ум ва дигар ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи байналмилалии марбут ба об моро зарур аст, ки талошу амалҳои худро дар ин самт афзоиш диҳем.

Вобаста ба ин, дар раванди омодагӣ ба Конфронс мо таваҷҷуҳи асосиро маҳз ба гирифтани уҳдадориҳо ҷиҳати роҳандозии иқдомоти нав ва суръатбахшии амалҳои мавҷуда равона намудем.

Рӯзномаи амал дар соҳаи об, ки мо дар Душанбе муаррифӣ кардем, имрӯз амалу уҳдадориҳои зиёдеро фаро мегирад ва бовар дорем, ки зимни Конфронси оби Ню-Йорк ин санад бештар тақвият хоҳад ёфт».

Воқеан ҳам амалӣ намудани барномаҳои муҳими вобаста ба об хеле зарур мебошад ва ҳамчунин иҷро намудани уҳдадориҳо дар ин маврид барои расидан ба натиҷаи баланд мусоидат менамояд. Аз ҷониби дигар, Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи об дар нуқоти мухталифи олам муваззаф сохт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намуданд, ки «дар ҳақиқат моро лозим аст, ки дид ва муносибати худро нисбат ба муҳимтарин манбаи ҳаёт, яъне захираҳои об тағйир дода, мудирияти онро низ ба шакли нави самаранок ва бо усулҳои навоварона ба роҳ монем».

Воқеан имрӯз  замоне фаро расидааст, ки аз сухан ба амал гузарем ва масоили мубрами ҷаҳониро дастҷамъона ҳал намоем. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд зери нуктаи муҳим ва зарурии об ва масъалаи он муттаҳид гарданд, мушкилоти вобастаро ба таври шоиста ҳал намоянд ва роҳи беҳбудро эҳё намоянд. Мояи ифтихор аст, ки дар ин самт Тоҷикистон аз пешгомони ин ваҳдати насли башар барои ҳалли масоили мубрами ҳаётӣ аст, ки ин қадами бузург мебошад.

Ёдовар шудан зарур аст, ки то кунун панҷ ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ хуш пазируфта шудааст ва ин барномаҳою ташаббусҳо насли башарро боз ҳам муттаҳидтар мегардонанд.

Метавон гуфт, ки номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи башар ҳамчун Асосгузори дипломатияи об ва башардӯсти  беназир сабт хоҳад гардид. Дар ҳақиқат Тоҷикистон бо пешниҳоди ин ташаббусҳо ҷомеаи байналмилалиро маҷбур сохт, то бо дипломатияи нав ва рукни ҷадид масоили мубрами ҷаҳониро баррасӣ намоянд.

Имрӯз муассисаҳои илмию пажӯҳишӣ, олимон ва муҳаққиқонро зарур аст, то роҷеъ  ба амалишавии лоиҳаҳои оби тоза,  роҳҳои тозанамоии обҳои гуногуни зеризаминӣ, пешгирии омилҳои ифлосшавии обҳо, истифодаи дурусти захираҳои обҳои табиӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои обёрӣ, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, огоҳнамоии шаҳрвандон аз зиёни обҳои ифлос, истифодаи барномаҳои муосири пажӯҳишӣ дар таҳқиқоти масоили обӣ, истифодаи формулаи тозанамоии обҳои шахтавӣ, ҳамкорӣ бо олимони ҷаҳон вобаста ба об, ифтитоҳи марказҳои обшиносӣ, таъсиси гурӯҳи сайёр ҷиҳати пажӯҳиши об дар минтақаҳои дурдаст, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва дигар масоили муҳим мубоҳисаю муколамаҳо ташкил намуда, хулосаи хешро ба таври ошкор дар ихтиёри ҷомеа қарор бидиҳанд.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи кӯҳию
металлургии Тоҷикистон,
профессор

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»