Дирӯз, дар маҷлисгоҳи калони донишкада ҷаласаи назоратии муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин бо ширкати деканҳо, мудирони кафедраҳо, омӯзгорону кормандони шуъбаҳо баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин роҷеъ масъалаи тарғибу ташвиқи ихтисосҳои донишкада, ҷалби довталабон ба донишкада, гузаронидани рӯзи дарҳои кушод, риояи интизоми меҳнат, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ширкати донишҷӯён дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, таҷлили бошукуҳи Ҷашни байналмиллалӣ Наврӯз ва дигар масоили муҳиму мубрам суханронӣ намуда, ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Дар ҷаласа ҳамчунин, котиби комиссияи қабул Ҳоҷибоев Далер ва муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлудахон суханронӣ намуда, аз ҳолати мавҷудаи корӣ маълумот доданд. Ҳамзамон, Ҳоҷибоев Далер доир ба нашри овезаҳо сухан ронда, то ба имрӯз аз ҷониби муҳосибот маблағгузорӣ нашудани ин масъаларо ба миён гузошт.
Дар ҷаласаи мазкур омӯзгорон ва кормандони шуъбаҳо баромад карда, чанд пешниҳоди хешро ҷиҳати ҳалли масъала баён доштанд.
Дар интиҳо муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ба тамоми кормандон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, саҳмгузорӣ дар маъракаи “Довталаб- 2023” супориши қатъӣ дод.