Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Илм ва ҷаҳонбинии динӣ” бо ширкати меҳмонон баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба масъалаи мазкур ва муҳимияти он дар ҷомеаи муосир сухан ронда, сипас меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Таъкид карда шуд, ки семинари мазкур ба хотири равшанӣ андохтан ба паҳлӯҳои норавшани ҷомеа оид ба мавзӯи дин, ҷаҳонбинии илмӣ ва тарзи тафаккури илмӣ ва баррасии масоили динӣ роҳандозӣ шудааст.
Дар семинари имрӯза ҳуқуқшиноси ташкилоти ҶГИТ “Аксент” Маҳмудова З., аъзои комиссияи ислоҳоти милитсия дар вилояти Суғд Ҷавҳарова М., ва омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ Самиев Б., дар мавзӯоти масоили таъсири мавзӯоти динӣ ба ҷомеа, терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ аз нигоҳи дини ислом баромад намуданд.
Дар интиҳо суолу ҷавоб миёни омӯзгорон баргузор гардид ва меҳмонон аз дидгоҳи ҳуқуқӣ ва илмӣ ба ҳоҳирин посух гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия гузаронида шуд.