Тибқи ҷадвали баргузории корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати ҷалби довталабон ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2023 – 2024 санаи 27.02.2023с., вохӯриву мулоқоти гурӯҳи корӣ дар ҳайати Туев Шоҳин Шоевич – н.и.п., дотсент мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика ва Боев Муродбек Бекмаҳмадович – муаллими калони кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ бо хаткунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Зафаробод баргузор гардид.
Дар МТМУ – и ноҳия гурӯҳти корӣ ҳангоми вохурӣ бо хатмкунандагон оид ба интихоби касб, бартарияти ихтисосҳои равияи кӯҳию металлургӣ, имкониятҳои мавҷудаи таҳсил дар донишкада, саноатикунонии босуръати кишвар, таҷрибаомӯзӣ, омӯзиши забони чинӣ, базаи моддӣ – техникӣ, робитаҳои байналмиллалӣ ва инчунин маълумотномаи мухтасар дар бораи корхонаҳои саноатие, ки дар минтақаи гуногуни кишвар ҷойгир шуда, фаъолият менамоянд, маълумоти муфассал дода шуд. Дар интиҳо ба саволҳои хатмкунандагон аз тарафи гурӯҳи корӣ ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.