Имрӯз дар толори видеоконфронсзали донишкада семинари илмӣ-амалии факултети электромеханика баргузор гардид.
Семинарро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба муҳимияти мавзӯъ суханронӣ намуд. Сипас, қайд намуд, ки баргузории сунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани малакаи ҳамкасбон ва ҳалли масоили илмӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, дар семинари мазкур дар мавзӯи “Физика ва техникаи табдилдиҳии энергияи пневматикии баландфишор ба энергияи электрикӣ” дотсенти кафедраи таъминоти барқ Қодиров А.А., дар мавзӯи “Таъмини эътимоднокии истифодабарии мошинаҳои кобанда- боркунанда” муаллими калони кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Дӯсталиев С.Т. ва дар мавзӯи “Системаи идоракунии автоматикӣ дар раванди таълим” н.и.т., омӯзгори муштараквазифаи кафедраи математикаи олӣ ва информатика Ашӯров Х.Ё. баромад намуда, роҷеъ ба паҳлӯҳои муҳими ин мавзӯот чанд мисолҳо оварданд.
Дар интиҳо ҳозирин ба баромадкунандагон суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба се нафар баромадкунандагон баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки чунин семинарҳо бештар гузаронида шавад.