Дирӯз, дар Шӯрои занони донишкада зери раисии Расулова Мунзифахон бо ширкати донишҷӯдухтарон мизи мудаввар баргузор гардид. Нахуст чорабиниро раиси Шӯрои мазкур Расулова Мунзифахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 сухан ронда, қисматҳои муҳими онро ба ҳозирин ташреҳ дод. Қайд карда шуд, ки баланд бардоштани мақом ва нақши занон дар ҷомеа аз сиёсатҳои меҳварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ин самт дар ҷумҳурӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ барои занон озодиву имкониятҳои зиёдтаре дода шуд ва мақоми занон дар ҷомеа низ имрӯз хеле баланд мебошад.
Дар мизи мудаввари имрӯза ҷавондухтарон роҷеъ ба саҳми занон дар ҷомеа, баланд бардоштани зеҳнияти ҷинси зан ва дигар масъалаҳои муҳим андешаронӣ намуда, амалигардии Стратегияи мазкурро муҳим ҳисобиданд.