Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо ширкати рӯзноманигорон баргузор гардид. Нишасти матбуотиро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба дастовардҳои донишкада дар як соли охир, имкониятҳои мавҷуда ва шароити таълим, таҷрибаомӯзӣ, ҷалби хатмкардагон ба корхонаҳои саноатӣ, мубодилаи таҷрибаи кормандону омӯзгорон бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, беҳтар гардонидани имкониятҳои озмоишгоҳҳои таълимӣ сухан ронда, илова намуд, ки айни замон дар донишкада 13 озмоишгоҳӣ таълимӣ, 4 озмоишгоҳи таҳқиқотӣ дар сатҳи байналмиллалӣ, 11 филиали кафедраҳо дар назди корхонаҳои саноатӣ мавҷуд аст, ки барои беҳтар гардидани сифати таҳсил ва пешбурди корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ роҳандозӣ карда шудааст.
Таъкид карда шуд, ки хатмкардагони донишкада пурра бо рохҳат ба ҷойи корӣ таъмин карда шуданд.
Таъкид карда шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорон дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 467 маротиба дарсҳои кушод гузаронида шуд. Ҳамчунин, 39 конференсия,. 47 семинари илмӣ-амалӣ, 22 вебинар бо ширкати олимон аз муассисаҳои байналмиллалӣ дар донишкада гузаронида шуд. Ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии қонуншиканӣ ва амалҳои номатлуб дар соли ҳисоботӣ 49 семинару чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки имсол нақшаи қабул дар донишкада 65 фисад иҷро гардид ва бо ифтитоҳи ихтисосҳои нав дар ин сол умед дорем, ки 100 фисад иҷро мегардад.
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон айни замон бо зиёда аз 84 корхонаҳои саноатӣ ҳамкорӣ дорад ва аз ҷониби шаш корхонаи саноатӣ аллакай дархост барои хатмкунандагон ҷиҳати бо кор таъмин намудан ирсол гардидааст.
Дар умум 16 савол аз ҷониби рӯзноманигорон дода шуд, ки ба ҳамаи он ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва муовинон профессор Насриддинов Замониддин, профессор Умарҷонов Абдусафо, дотсент Аминҷонова Мавлуда посух доданд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба рӯзноманигорон ҷиҳати ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ баён намуд.
PS: Хонандаи арҷманд бинобар мушкили фаннии сомона, хабару гузоришҳо дертар гузошта шуд