Санаи 09.02.2023с. дар қасри фарҳанги ноҳияи Ашт дар асоси ҷадвали тасдиқгардида аз ҷониби раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мулоқоти роҳбарони муассисаҳои олии таълимии вилояти Суғд бо хатмкунандагон баргузор гардид. Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ректорони муассисаҳои олии таълимиро хуш истиқбол намуда, муаррифии ихтисосҳо ва мулоқоти рӯ ба рӯ бо хатмкунандагонро саривақтӣ арзёбӣ намуд. Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода роҳбарони муассисаҳои олии таълимиро муаррифӣ намуда, иштироки 800 нафар хатмкунандагонро таъмин намуд.
Муаррифии дастовард, имкониятҳои таҳсил ва ихтисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз тарафи ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ироа гардид.
Бояд қайд намуд, ки ноҳияи Ашт аз нигоҳи ҷуғрофӣ минтақаи куҳсор ба шумор рафта, захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок дорад. Ашт аз конҳои полиметалл, флюорит, намаки ош ва ашёи хоми бинокорӣ, санги мармар ғанӣ аст. Дар ояндаи наздик, ки боз корхонаҳои зиёди саноатӣ бунёд мегарданд, бо мутахассисони маҳаллӣ таъмин намудани коргоҳ масъалаи асосӣ ба шумор меравад.
Ба довталабон варақаҳои тарғиботӣ дастрас карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки итисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро интихоб намоянд.
2
Дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва қарори Раиси вилоят санаи 10-уми феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи мактаби хонандагони болаёқати ҷамоати Хистерварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон вохӯрии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ беш аз 250 нафар хатмкунандагони ҷамоати Хистеварз ва ҷамоатҳои дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд.
Вохӯриро муовини раиси ноҳия Турсунзода Дилором оғоз намуда аз ҳадафи мулоқоти имрӯза ёдовар шуд. Сипас, ректорони донишгоҳҳо ва донишкадаҳои вилояти Суғд оид ба муассисаҳои хеш баромад намуданд.
Дар баромади худ профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба донишкада ва ихтисосҳои барои соли таҳсили 2023-2024 муфассал маълумот дод. Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад. Боиси қайд аст, ки мутахассисони ояндаи донишкада барои амалигардонии ин ҳадаф саҳми бузурге мегузоранд.
Зимни суханронӣ профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамзамон роҷеъ ба факултетҳо, кафедраҳо ва имкониятҳои таҳсил дар муассиса, иқтидори озмоишгоҳҳо, базаи моддӣ-техникӣ, робитаҳои байналмиллалӣ сухан ронда, интихоби донишкадаро интихоби дуруст ва бамавқеъ ҳисобид.
Дар интиҳо, хатмкунандагон ба роҳбарони МТОК-и вилоят саволҳо доданд. Ба ректори донишкадаи мо яке аз хатмкунандагони макотиби миёна оид ба омода кардани мутахассисони баландихтисос, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар хориҷи кишвар савол дод.
Маҳмадалӣ Бахтиёр қайд намуд, ки донишкада бо муассисаҳои олӣ ва илмӣ-тадқиқотии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории зич дошта, то соли 2022 танҳо дар Норвегия 20 нафар донишҷӯён ва 10 нафар ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҷрибаомӯзӣ ва коромӯзии худро гузарониданд.