Дирӯз, ба китобхонаи илмӣ -электронии донишкада китобҳои нави таълимӣ ворид карда шуд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот директори китобхона Ӯзбекова Баҳриннисо иттилоъ дод. Китобҳо бо номҳои “Баҳисобгирии муҳосибӣ дар ташкилотҳои тиҷоратӣ”,“Баҳисобгирии идоракунии муҳосибӣ”,“Баҳисобгирии муҳосибӣ дар муассисаҳои буҷетӣ”,“Таърихи ташаккули баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит”,“Назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ”,“Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит” ворид карда шуданд, то донишҷӯён аз он баҳра бардоран.
Муаллифи ин адабиётҳои илмӣ Дадоматов Д.Н. ва Абдуллоев О.А мебошанд. Адабиёти мазкур аллакай ба махзани китобхона ҷой дода шудааст ва донишҷӯён метавонанд фаровон аз он истифода намоянд.