Имрӯз, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ рисолаи доктории хешро дар мавзӯи ” Такмили танзими омилҳои экологӣ дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти минтақа: назария ва амалия” дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мушовирии Шарифзода Муъмин Машокир дифоъ намуд.
Дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионӣ аз ҷониби профессорону докторон мавзӯи рисолаи докторӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта, ба пажӯҳиши муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ баҳои баланд дода шуд.
Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки муаллиф дар рисолаи хеш бунёди низоми экологӣ баҳри садсоларо пешниҳод намудааст, ки ин таҷрибаро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он мутахассисон метавонанд, истифода баранд.
Дар рисолаи мазкур дидгоҳи илмӣ комилан ҷадид буда, ҳадаф роҳандозии мактаби нави пажӯҳишӣ дар ин самт мебошад, ки баҳри рушди илми миллӣ пешниҳод гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки таҷрибаи пажӯҳишии Бахтиёр Маҳмадалӣ дар минтақа нодир буда, метавонад, ҳамчун як роҳнамои илмӣ барои пажӯҳишгарон истифода гардад.
Қайд намудан лозим аст, ки ин аввалин дифои рисолаи докторӣ дар самти илмҳои иқтисодӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалиро самимона табрику таҳният гуфта, ба эшон дар роҳи расидан ба қуллаҳои баланди илмӣ ва фатҳи муваффақиятҳои зиндагӣ барору комёбиҳои беназирро таманно менамояд.
Ҳамеша саодатманду муваффақ ва некном бимонед, муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ!
Бори дигар дифои рисолаи илмӣ, муваффақияти илмӣ бароятон муборак бошад!