Комиссияи озмунӣ баргузор гардид

Дар назди муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Умарҷонов Абдусафо Абдунабиевич бо иштироки раиси комиссияи озмунӣ Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ озмуни ишғоли вазифаҳои холӣ баргузор гардид. Ба баррасии комиссияи озмунӣ ҳуҷҷатҳои 7 нафар довталабон барои иштирок дар озмуни ишғоли вазифаи интихобӣ ворид гаштааст. Тибқи эълон, барои ишғоли вазифаҳои холӣ (аз 10 чой) ба ҳайси: мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақл, омӯзгори калони кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ, ассистенти кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ, мудири кафедраи металлургия, мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ пешниҳод шуда буд.
Комиссияи озмунӣ ариза ва ҳуҷҷатҳои номзадҳоро омӯхта, бо назардошти фаъолияти таълимиву тарбиявӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотии довталабон номзадҳоро ба Шӯрои олимон тавсия доданд.

Ҳайати комиссияи озмунӣ аз шахсони зерин иборат мебошад:
Раиси комиссия:
Бахтиёр Маҳмадалӣ – ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон.
Аъзоён:
Насриддинов З.З. – муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал;
Умарҷонов А.А. – муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ;
Қозиев К.С. – декани факултети электромеханика;
Шамсиддинов Ш.М. – декани факултети металлургия;
Самадова Г.М. – декани факултети корҳои кӯҳӣ;
Саидов М.К. – декани факултети иқтисодиёти саноатӣ;
Осими Оқил – сардори раёсати таълим;
Раҳимова Ш.К. – сардори раёсати илм ва инноватсия;
Сулейманова Н.А. – сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус.
Котиби комиссия:
Бобоева П.И. – мутахассиси раёсати илм ва инноватсия