Мудири кафедраи экологияи донишкада олими ҷавон Ҳоҷибоев Далерҷон дар озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»-и Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид, ки бо диплом қадрдонӣ карда шуд. Ҳоҷибоев Далер ба ин диплом барои нашри мақолаҳои таҳлилӣ доир ба масъалаҳои экологӣ ва иқлим сазовор дониста шудааст.
Озмунҳои мазкур аз 1 март то 1 декабри соли 2022 баргузор ва 20 январи соли 2023 ҷамъбаст карда шуданд.
Дар сомонаи Маҷлиси намояндагон чунин омадааст, ки “бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, инчунин ҷалби олимону мутахассисон, рӯзноманигорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақвияти маърифати экологии аҳолӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» — ро эълон намуд”.
Ёдовар мешавем, ки Ҳоҷибоев Далер аз омӯзгорони ҷавон ва фаъол буда, ҷиҳати пешрафти кор ва баланд намудани маърифати экологӣ саҳми арзанда мегузорад ва барои рушди илм гоҳномаи соҳавиеро низ роҳандозӣ намудааст.