Шогирди олими ҷавон Ҳоҷиев Саидмуқбил рисолаи номзадиро дифоъ намуд

Санаи 12.01.2023 дар  Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон докторанти донишкада Боқизода Домулло шогирди олими ҷавон, омӯзгори фаъоли Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ Ҳоҷиев Саидмуқбил рисолаи номзадияшро дар мавзӯи «Тозакунии обҳои шорандаи истеҳсолоти масолеҳи маҳкамкунӣ аз металлҳои вазнин (дар мисоли ҶДММ «Тоҷфилиз») дифоъ намуд. 

Ёдовар мешавем, ки Боқизода Домулло Зафарҷон аз панҷумин шогирди дотсент Ҳоҷиев Саидмуқбил мебошад, ки рисолаи номзадияшро бомуваффақият дифоъ менамояд.

Ҳоҷиев Саидмуқбил аз олимони ҷавону фаъол, шахси ҳалиму хоксор, фарди равшанзамир ва пуркору сермаҳсул буда, то ин замон ба қалами ӯ зиёда аз 100 мақолаи илмӣ дар маҷаллаву нашрияҳои ватаниву байналмиллалӣ ба табъ расидааст ва ҳамзамон шаш дастури таълимӣ- методӣ ба нашр расонидааст, ки ин заҳмати андак нест ва ҳайати профессорию омӯзгории донишкада аз доштани чунин олими ҷавон ва меҳнатдӯсту навовар ифтихор менамояд.

Шуъбаи иттилоот