Имрӯз зимни баргузории ҷаласаи назоратӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба олими ҷавон, сардори раёсати таълим Осими Оқил дипломи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки Осими Оқил бо пешниҳоди як силсилаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти маводшиносӣ дар мошинсозӣ таҳти унвони “Хосиятҳои физикиву химиявии силуминҳои бо сурма модификатсияшуда” барандаи Ҷоиза ва дипломи олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2022 гардид.
Осими Оқил муаллифи 2 китоби дарсӣ ва 5 дастури таълимӣ, 4 нахустпатенти ихтироот буда, ба муҳандисони соҳаи истихроҷ ва коркарди маъдан таълим медиҳад.
Маврид ба таъкид аст, ки ин олими ҷавон соли 2020 ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” дар номинатсияи “Хондан ва азёд намудани осори адибони классикӣ” гардида буд ва имрӯз ҳам шогирдони зиёдеро дар ин самт тарбия менамояд.
Зимни эътои дипломи мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба Осими Оқил барои талошҳояш изҳори миннатдорӣ баён намуда, хидматҳои ӯро шоён арзёбӣ кард.