Таҷлили Соли нави милодӣ дар донишкада

Санаи 31 декабри соли 2022 дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ бахшида ба Соли нави милодӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба фарорасии соли нави милодӣ табрику таҳният гуфта, ба донишҷӯёну кормандон ва ҳайати профессорию омӯзгории донишкада барору муваффақият ва саломативу саодатмандӣ таманно намуд.
Ҳамзамон, мавсуф таъқид намуд, ки соли 2022 барои аҳли донишкада соли бобарору пурсамар буд ва барои ин ба тамоми ҳайати профессорию омӯзгории ДКМТ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Сипас, барномаи рангини фарҳангӣ- фароғатӣ манзури ҳозирин гардонида шуд, ки дар он ҳунармандони маъруфи шаҳри Бӯстон ҳунарнамоӣ намуданд.


Шуъбаи иттилоот