Имрӯз, дар толори видеоконфронсзали донишкада зери роҳбарии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласаи Шӯрои олимон баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот котиби Шӯро Валиева Мастурахон иттилоъ дод.
Ҷаласаро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, перомуни дастовардҳои донишкада дар соли 2022, ширкати донишҷӯён дар олимпиадаҳои фаннӣ, дастаҳои варзишкорон, таъмиру таҷдиди озмоишгоҳҳои наву замонавӣ дар кафедраҳо, боз намудани филиали кафедраҳо дар корхонаҳои саноатӣ, ҳамкориҳо бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ ва дигар масоили мубрам сухан ронда ба ҳайати профессорию омӯзгории донишкада изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон баррасии масъалаҳо сурат гирифт. Дар ҷаласаи мазкур оид ба Стратегияи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, сифати таҳсилот дар факултети иқтисодиёти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ, танзими харҷнома барои соли 2023 ва дигар масоили муҳим баромади масъулон шунида шуд ва сипас масъалагузориҳо сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шӯрои олимони донишкада баҳри беҳбуд бахшидани фаъолияти донишкада ва беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия дар муассиса мусоидат менамояд.