Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ҷаласаи назоратии ҳафтаина нахуст ғолибони озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2022” ва “Ихтироъкори сол-2022” се нафарро қадрдонӣ намуда, ба роҳбаррни донишҷӯёни мазкур мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шӯҳратҷон, декани факултети электромеханика Қозиев Камолидин, декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳратҷон изҳори миннатдорӣ баён намуд. Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пардохт. Мавсуф дар бораи дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистон дар давраи 30 сол сухан ронда, қайд намуд, ки маҳз зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳо ба таври кулли рушд намуд…
Ҳамчунин, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар бораи истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, тарбия намудани насли ватандӯст ва масъулиятшинос ва ифтитоҳи паркҳои технологӣ низ сухан ронда, дар ин самт бештар корбариро тақозо намуд.
Дар интиҳо ба як қатор масъулон ҷиҳати ҳамкории пурсамар ва тарбия намудани насли ҷавон изҳори миннатдорӣ карда шуд ва ҳамзамон ҳайати профессорию омӯзгории донишкада низ ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.