Имрӯз дар як ҷаласаи тантанавӣ дар маркази вилояти Суғд муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмунҳо туҳфаву дипломҳоро тақдим намуданд.
Хушбахтона, дар ин чорабинӣ омӯзгори донишкада Анӯшервон Почоев аз байни омӯзгорон ихтироъкори сол, донишҷӯи фаъоли факултети металлургия Ангубин Фарҳодӣ “Донишҷӯи сол” ва Тоҷибоев Шоҳин аз факултети электромеханика дар байни донишҷӯён “Ихтироъкори сол” эълон гардиданд, ки ин муваффақият ва дастоварди беназир барои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёни донишкада аз фаъолтарин донишҷӯён маҳсуб мешаванд ва ҳоло хушбахтона баҳри пешбурди илмҳои дақиқ ҷаҳд менамоянд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар назди бинои вилоят ба ғолибон изҳори миннатдорӣ баён намуда, аксбардорӣ намуд.
Қайд намудан зарур аст, ки пас аз 10 соли охир бори аввал дар таърихи донишкада донишҷӯи фаъоли донишкада аз факултети металлургия Ангубин Фарҳодӣ ” Донишҷӯи сол” интихоб гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада Насриддинов Шаҳбоз иттилоъ дод.