Ҷараёни олимпиадаи фаннӣ дар донишкада

Дирӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон даври донишкадавии олимпиада аз фанҳои математика, биология, химия, физика, экология ва забоҳои хориҷӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд ва қарор аст, ки пас аз ҷамъбасти холҳо ва муайяннамудани беҳтаринҳо, як қатор донишҷӯён ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат бигиранд. Тибқи дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ имсол дар даври ҷумҳуриявии олимпиада бояд аз ҳар як фан 40 довталаб ширкат варзад ва соҳиби ҷойҳои намоён гардад ва барои ин ректори донишкада барои онҳое, ки дар олимпиада ҷойи аввал ё дуюму сеюмро соҳиб мегарданд бо омӯзгорашон бо маблағи то 1000 сомонӣ ба ҳар як ғолиб қадрдонӣ мешаванд.

Дар умум дар даври донишкадавии олимпиада довталабони зиёде ҷамъ омада буданд ва маълум аст, ки сифати таълим имсол хеле тағйир ёфтааст ва шавқи донишҷӯён ҳам дар омӯзиш бештар гардидааст, ки ин аз натиҷа аз эълон гардидани “Соли сифати таълим” дар донишкада дарак медиҳад.