Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мулоқоти онлайнӣ бо намояндагони Донишгоҳи давлатии педагогии Сургут баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур ҷонибҳо роҷеъ ба баргузории “Ҳафтаи забони русӣ дар мамолики хориҷӣ” гуфтугӯ намуданд.
Дар нишасти мазкур аз ҷониби донишкада муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо, мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Раҳимзода Ҳусноро, мутахассиси маркази зеҳни сунъӣ Қилечев М. ширкат намуданд ва аз ҷониби Донишгоҳи давлатии педагогии Сургут бошад декани факултети филология Ганушак Николай Василевич иштирок варзида суханронӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки “Ҳафтаи забони русӣ дар мамолики хориҷӣ” санаҳои 5-9 декабр идома ёфта, дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Сурия, Қатар, Замбия баргузор мегардад.