Имрӯз, тибқи ҷадвали дарсҳои кушоди кафедраи математикаи олӣ ва информатика дар аудиторияи 202 дарси кушоди ассистенти кафедра Абдураҳмонова А.И. аз фанни технологияи информатсионӣ дар гурӯҳи 480101-технологияи химиявии моддаҳои ғайриограникӣ мавод ва маҳсулот дар мавзӯи “Функсияҳои молиявӣ дар барномаи MS Excel” бо иштироки сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот н.и.и., дотсент Юсупов Х.М., сармутахассиси раёсати таълим Маҳмудов Ҳ.А., мудири шуъбаи ҷавонон Насриддинов Ш.А., мутахассиси шуъбаи тарбия Ҷалолов А. дотсенти кафедра Сидиқов Н., омӯзгорони калон Ҷумаев А.Р., Хӯҷамов Ш.Э., Шерматов Ш.Т. ва коргузори кафедра Насруллоева Д.М. баргузор гардид.
Омӯзгор Абдураҳмонова А.И. дар баёни мавзӯи нав бо истифода аз технологияҳои муосир проектор, тахтаи электронӣ, видеофайл бо барномаи ҷадвали электронии MS Excel роҳи ҳалли масъалаҳоро нишон дода, диққати донишҷӯёнро ба барнома ҷалб намуд. Донишҷӯён мавзӯи навро хуб дарк намуда, суолҳо ва масъалаҳои аз тарафи омӯзгор додашударо ҳал намуданд.
Дар интиҳо омӯзгорон ба тарзи гузаронидани дарси омӯзгор Абдураҳмонова А.И. баҳои хуб доданд.