Дирӯз, донишҷӯёни бахши 3 ихтисоси 270101-09 ба Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида “Норд Азия Металл” сафар намуданд. Экскурсияи мазкур бо роҳбарии омӯзгори калони кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Раҳматов А.А. ва сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Назарматов А.А. ташкил карда шуд.
Ҳангоми экскурсия донишҷӯён бо раванди истеҳсолоти корхонаи болозикр аз наздик шинос шуда, марҳилаҳои истеҳсоли маҳсулотро дидан намуданд. Пас аз дидан намудани коргоҳҳои истеҳсолии корхона донишҷӯён ба филиали кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ, ки дар корхонаи мазкур ташкил карда шудааст, ташриф оварданд. Дар он ҷо мулоқоти бевоситаи донишҷӯён бо намояндагони корхона гузаронида шуд. Ҳамзамон суҳбат оид ба боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти филиали кафедра дар корхонаи мазкур ба роҳ монда шуд, ки намояндагони корхона иқдоми мазкурро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳанд кард.
ҶСП «Норд Азия Металл» бо истеҳсоли қубур ва профилҳо машғул буда, дар бозори қубур ва профилҳои аз металсохташуда аз соли 2014 то инҷониб фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ҳамаи намудҳои маҳсулотҳои корхона мутобиқи ГОСТ Р 54157-2010 сертификатсия карда шудааст. Аз ин бар меояд, ки маҳсулотҳои корхона дорои сифати баланд мебошанд.
Барои истеҳсол намудани маҳсулот ашёи хомро бевосита аз корхонаҳои металлургии давлатҳои Россия ва Қазоқистон ворид менамоянд.
Дар корхона аввалин бор дар Осиёи Марказӣ коргоҳи истеҳсолии нав аз тарафи пешқадами соҳаи профилистеҳсолкунӣ – Samesor – дастрас карда шудааст, ки ин таҷҳизотҳо ҳам барои баланд бардоштани сатҳи самаранокии кори корхона, ҳам барои сарфакорона истифода намудани захираҳо ва ҳам барои устувор гардонидани сатҳи рақобатпазирии корхона мусоидат менамоянд.
Корхона чунин гуногуншаклии маҳсулотҳои қубуриро истеҳсол менамояд: қубурҳои доирашакл, шакли мураббаъ, чоркунҷа.
– доирашакл дорои зиёда аз 45 намуд мебошад;
– шакли мураббаъ дорои зиёда 40 намуд мебошад;
– шакли чоркунҷа дорои зиёда аз 35 намуд мебошад.