Имрӯз дар кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи факултети электромеханика бо ширкати раёсати факултет, омӯзгорону донишҷӯён маҳфили доимамалкунандаи назди кафедра бо номи “Алҷабр” баргузор гардид. Ин бор маҳфил ба 30- солагии Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Чорабиниро нахуст омӯзгори кафедра Абдураҳмонова Азиза ифтитоҳ намуда, суханро ба декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолидин дод.
Профессор Қозиев Камолидин роҷеъ ба нақши муҳиму созандаи Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ сухан ронда, таъкид намуд, ки ин иҷлосия дар таърих ҷойгоҳи муҳимро доро мебошад.
Ҳамчунин, таъкид намуд, ки интихоби Эмомалӣ Раҳмон дар он Иҷлосия қадами ниҳоят муҳим ва созанда барои миллат мебошад.
Сипас, мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика Туев Шоҳин суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлатдории навини тоҷикон бо интихоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҳалкунанда бозид.
Ҳамзамон, муовини декани факултети электромеханика оид ба тарбия Саидов Анвар дар мавзӯи “Нақши Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти тоҷикон” суханронӣ намуда, хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соҳаи маориф таъкид намуд.
Баъдан, донишҷӯён Боқизода Қурбон, Ҳамдамов Бахтиёр, Абдулатипов Қурбонбек, Баҳриддинов Ҷамолиддин дар мавзӯҳои вобаста ба Иҷлосия ва нақши сарнавиштсози он баромадҳо намуданд.
Шуъбаи иттилоот