Дар семинар-машварати дурӯза, ки аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати намояндагони корхонаҳои саноатии вилости Суғд дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, нахуст меҳмононро ба донишкада хушомадед гуфт. Сипас, ректори донишкада роҷеъ ба бехатарӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва имконияти корхонаҳои муосир сухан ронда, бехатариро дар ин самт муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, роҷеъ ба рӯзномаи семинар, барнома ва дигар маводҳои муҳим суҳбат намуд.
Дар интиҳои семинар ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ “Ифтихорнома”-и Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.