Ҷаласаи назоратии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада ҷаласаи назоратии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ширкати муовинони ректор ва дигар деканҳову мудирон, сардорони раёсату шуъбаҳо баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст раиси Иттифоқи касаба Давлатов Давлатмаҳмадро ба Рӯзи кормандони Иттифоқи касаба табрик намуда, аз кори Иттифоқи касаба тавсиф намуд. Сипас, роҷеъ  ба масоили ширкати донишҷӯён дар олимпиадаҳо, тарбияи ватандӯстӣ, даъват ба сафи Артиш, тарбияи ҷавонон, навиштани мақолаву изҳорот аз ҷониби насли калонсол, профессорон ва собиқадорони соҳа суханрон таъкид намуд, ки профессорон имрӯз бояд насли ҷавонро тарбия намоянд. 

Ҳамчунин, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ  имрӯз ба донишҷӯи донишкада Ашӯрзода Бахтовар дипломи ғолиби чемпионати Осиёро оид ба намуди Ҷиуҷитсу супорида, таъкид намуд, ки минбаъд низ ин донишҷӯ дастгирӣ карда шавад ва барояш  панҷсад сомонӣ тақдим намуд.

Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки ҳамакаса баҳри ободонии донишкада, пешрафти сифати таҳсилот саҳми худро гузорем. 

Шуъбаи иттилоот