Ҳамасола санаи 24-уми октябр ҳамчун Рӯзи кормандони иттифоқи касаба дар ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад. Иттифоқи касаба яке аз ниҳодҳои калидӣ ва муҳим дар ҳифзи ҳуқуқу арзишҳои кормандон мебошад ва маҳз тавассути иттифоқи касаба тавозун миёни қишрҳои иҷтимоӣ нигоҳ дошта мешавад. Баробарӣ дар коргоҳу муассисаҳо, сиёсати гендерӣ ва ҳама гуна робита бо корфармову коргар ва кордеҳу коркунанда, меҳнаткашу меҳнатқарин аз масоили ҳамарӯзаи баҳси кормандони Иттифоқи касаба мебошад ва маҳз ҳамин принсипи корӣ натиҷаи дилхоҳ медиҳаду ҷомеа аз кори кормандони Иттифоқи касаба миннатдоранд.
Иттифоқи касаба дар шарики бо Ҳукумат ва Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба” ва дигар санаду созишномаву протоколҳои байналмилалӣ фаъолияташро ба роҳ монда, мақсади аслӣ ҳимояи ҳуқуқи кормандон ва ба роҳ мондани адолати иҷтимоӣ мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иттифоқи касаба самти фаъолияташро беҳтар намуда, ба марҳилаи нави фаъолият оғоз намуд, ки мешавад онро оғози Оииномаи миллии Иттифоқи касаба номид. Хушбахтона, дар тамоми коргоҳу муассисаҳо ва ширкатҳо Иттифоқҳои касаба фаъолдият доранд ва баҳри барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқи аъзоёни Иттифоқ талош менамоянд.
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Иттифоқи мутаҳҳидаи касаба фаъолияташро аз рӯи қонунҳои амалкунанда ва меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, дар ҳамкори бо созмону Иттифоқҳои касабаи соҳавӣ ба кормандон, ниёзмандон кумакҳои доимии хешро мерасонад. Ҳамчунин, тибқи анъана дар ҷашну маросимҳо, санаҳои муҳими давлатӣ Иттифоқи касаба ҳадяҳо ва кумакпулиҳоро ба кормандон тақдим менамояд, ки мақсад бо ҳар роҳу усул дастгирӣ намудани кормандон мебошад. Дар оянда Иттифоқи касабаи донишкада тасмим гирифтааст, ки барои табобати кормандон аз бемориҳои ҳамагир ва ҳамзамон мусоидат баҳри боло бурдани сатҳи зиндагии омӯзгорон кӯмакҳои пулиро дар ҳаҷми муайян тақдим намояд.
Ёдовар шудан зарур аст, ки бори аввал дар таърихи фаъолияти хеш Иттифоқи касабаи донишкада 40 нафар омӯзгоронро бо фарзандонашон имсол ба истиҳорат ва табобат ба санаторияву бошгоҳҳои табобатӣ-истироҳатӣ фиристод ва ин рӯйхат боз ҳам меафзояд.
Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми кормандони соҳаи Иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриро бо Рӯзи касбӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон муваффақияту барор ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям!
Рӯзи Иттифоқи касаба муборак бошад!
Бо эҳтиром,
Раиси Иттифоқи касабаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Давлатов Давлатмаҳмад