Санаи 17 октябри солӣ ҷорӣ аъзоёни кафедраи Экологияи ДКМТ дар онлайн семинар вобаста ба идоракунии захираҳои обӣ, санитария ва сифати об иштирок намуданд. Семинари мазкур бо ташаббуси Донишгоҳи Швейтсария ва Лоиҳаи Blue Peace Central Asia (оид ба ҳамкориҳои об дар минтақа) бо иштироки 12 нафар олимони соҳаи номбаршуда баргузор гардид.
Дар он масъалаҳои сифати таълими фанҳои мушаххас, ворид кардани модулҳо ба фанҳо, корҳои иҷрошуда дар муассисаҳои таълимӣ муҳокима карда шуд.
Намояндаи муассисаи таълимӣ-илмии Швейтсария Марина Петер қайд намуд, ки шарикон дар оянда ҳамкориро вусъат медиҳанд ва қайд карда шуд, ки офиси SDC Швейтсария барои Лоиҳаҳои хурд, бурдани тадқиқотҳои соҳавӣ, иҷроиши корҳои лабораторӣ ва дигар чорабиниҳоро барои донишҷӯёни фаъол метавонад маблағгузорӣ намояд.
Профессори кафедраи Экология Розиқов З.А. ба иштирокчиён оид ба конфронси байналмилалӣ, ки дар ДКМТ санаи 24.09.2022 гузарониа шуда буд маълумот дода онҳоро барои иштирок дар конференсияҳои минбаъдаи донишкада даъват намуданд.
Дар охири семинари онлайн иштирокчиён оид ба вохӯрии оянда тибқи Лоиҳа ва иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ вобаста ба сифати об ва санитария (аз тарафи донишҷӯён ва унвонҷӯён) фикру ақидаи худро баён намуданд.