Ҷамъбасти фаъолияти 9-моҳаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Имрӯз дар толори китобхонаи электронии донишкада, ки ба тозагӣ ба фаъолият оғоз намуд, ҷамъбасти фаъолияти 9-моҳаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар ва омӯзгорону кормандон баргузор гардид.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст роҷеъ ба фаъолияти 9-моҳаи хеш маълумот дода, оид ба масъалаҳои баландбардории сифати таҳсилот, ҷалб намудани довталабон ба ихтисосҳои зеҳни сунъӣ, тарғибу ташвиқи донишкада, мулоқоту вохӯриҳо бо довталабон, сохтани маркази гармидиҳии ягона, даъват намудани донишҷӯён ба хидмати ҳарбӣ, дастгирӣ намудани омӯзгорону кормандон ва дигар масоили мубрам изҳори ақида намуд.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар суханронӣ намуда, ба кормандону омӯзгорон ҷиҳати ҳамкории босамар изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Баъдан, сардори раёсати таълим Осими Оқил оид ба соҳаи таълим, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо оид ба самти илму инноватсия, муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда оид ба самти тарбия, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Ҷабборзода Муҳаммад оид ба фаъолияти шуъбаи мазкур ҳисобот доданд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи мазкур раиси Иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад суханронӣ намуда, миннатдории хешро ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва муовинони ректор расонид.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ чорабиниро ҷамъбаст намуда, ба муовинони ректор, ба раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад, ба мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ Ҳоҷиев Саидмуқбил изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки аз фаъолияти ин нафарон розист ва пайваста талош менамояд, то чунин мутахассисони меҳнатдӯстро дастгирӣ намояд. Ҳамзамон, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки минбаъд омӯзгорону кормандон чӣ камбуду мушкилоте доранд, марҳамат ба мо муроҷиат намоянд ва мо кӯшиш мекунем, то мусоидат намоем. Раёсати донишкада ният дорад, ки ба кормандону омӯзгорон як халта орд, равған ва ба миқдоре шакар кумак намояд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин ҷаласаи ҳисоботӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бештар талош намуд, то ҳолати асосиро бозгӯ созад ва ҷаласа ошкоро баргузор гардад.
Аз суханронӣ ва муносибати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аён буд, ки имрӯз бештар дар фикри беҳбуд бахшидани шароит барои омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён ҳаст ва ҳатто чанд маротиба дар ин маврид низ ишора намуд. Ҳамчунин ҳозирин низ аз ҷаласаи имрӯза бо як хушҳолӣ ва табъи болида берун шуданд.
Қайд намудан зарур аст, ки маҳз дар давраи роҳбарии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар донишкада як қатор тағйироти ҷиддӣ ба амал омад. Шурӯъ аз таъмиру таҷдид ва таъмини озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти нав маҳз нишондиҳандаҳои пешрафти донишкада дар ҳамин давра мебошад, ки омӯзгорон дар ин бобат ба ректори донишкада миннатдории хешро баён доштанд. Кафкӯбиҳои пурмавҷи ҳозирин дар вақти суханронии Давлатов Давлатмаҳмад роҷеъ ба фаъолияти ректори донишкада гувоҳ аз самимияти баланди кормандону омӯзгорон нисбати Бахтиёр Маҳмадалӣ мебошад.


Шуъбаи иттилоот