Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз донишкадаҳои соҳавӣ ва камназир дар кишвар мебошад ва дар ин ҷо беҳтарин мутахассисон ва собиқадорони соҳаи саноат таълим медиҳанд. Аз ин рӯ дар ин боргоҳи маърифат дарсҳо шавқовару ҷаззоб мегузаранд.
Ин дафъа низ дарси кушоди Анвар Отаев аз фанни “Усулҳои намунагирӣ ва ҳисоби захираҳо” дар мавзӯи “Назорати намунагирӣ” барои донишҷӯёни бахши чоруми ихтисоси 510101 шавқовару ҷолиб гузашт. Тибқи талабот ва зарурати барномаи таълимӣ ҳама намуд таҷҳизот ва дастгоҳҳои истифодашаванда баҳри намунагирӣ амсоли мағзаҳо, тарозуҳои аналитикӣ дар дарси мазкур истифода бурда шуд.
Донишҷӯён дар дарси мазкур фаъолона ширкат намуда, аз таҷрибаи омӯзгори фаъол ва собиқадори соҳа баҳра гирифтаанд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шӯҳратҷон иттилоъ дод.