Донишҷӯён дар корхонаи “Зари Суғд”

Имрӯз, донишҷӯёни донишкада аз корхонаи “Зари Суғд” боздид ба амал оварданд. Донишҷӯёни бахши якум ва дуюми ихтисоси заргарии факултети металлургия зери роҳбарии омӯзгори фаъол Фаридаи Амонулло дар коргоҳи заргарӣ аввал бо таҷҳизотҳо ошно гардида, сипас дар он ҷо чанд машғулияти таълимиро ба анҷом расониданд. Аз ҷумла аз маъданҳои гуногун қолаб ва тарҳҳо сохтанд. Бештар аз нуқра дар ин коргоҳ донишҷӯён истифода намудаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки аксарияти кафедраҳои донишкада бо корхонаҳои саноатӣ ҳамкорӣ доранд ва дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён бештар дар корхонаҳои истеҳсолӣ мегузарад. Роҷеъ ба ҷадвали ширкати донишҷӯён ба корхонаҳои саноатӣ ва таҷрибаомӯзии кӯтоҳ баҳри сайқал додани дониш ба шуъбаи иттилоот аз садорати  факултети металлургия иттилоъ доданд, ки минбаъд дар ин бора бештар маълумот хоҳем дод.


Шуъбаи иттилоот