Семинари илмӣ-назариявӣ дар доираи конфронси об бо ширкати олимони сатҳи ҷаҳонӣ

Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада семинари илмӣ-назариявӣ  таҳти унвони “Таҷрибаи амалигардонии лоиҳаҳои илмӣ ва ҳалли масоили об”дар доираи конференсияи  байналмилалии илмӣ-амалӣ  бо ширкати олимони байналмилалӣ баргузор гардид. Семинарро нахуст муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, меҳмононро аз номи ҳайати профессорию омӯзгории донишкада хайрамақдам гуфта, сипас роҷеъ ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, лоиҳаи об ва таҳкими муносибатҳои байналмилалии донишкада бо муассисаҳои хориҷӣ дар риштаи илмҳои мухталиф сухан гуфт. Ҳамчунин, мавсуф илова намуд, ки дар доираи ҳамкориҳои илмӣ олимони донишкада бо олимони кишварҳои  Осиёи Миёна ва Иттиҳоди Аврупо як китоби махсусеро таҳия намудаанд, ки имрӯз дар дасти пажӯҳишгарон ва хонандагон қарор дорад…

Сипас, суханро ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дод, ки мавсуф роҷеъ ба имкониятҳои ҳамкорӣ ва пешбарии корҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ сухан ронд. 

Ҳамчунин, дар семинари мазкур профессори Донишгоҳи илмҳои табии Норвегия олими машҳур Харша Ратнавира оид ба татбиқи лоиҳаи об, амали намудани лоиҳаҳои илмӣ, ба даст овардани хулосаҳои муҳими илмӣ тавассути лоиҳаҳо баҳри солимии башарият, ҳамкориҳои олимони сатҳи ҷаҳонӣ, таҷрибаи магистрон ва истифодаи олимони ҷавон баҳри пешбурди кори лоиҳаҳои хурд ва омода намудани мутахассисони варзида сухан ронд.

Сипас, профессори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, олими варзида Розиқов Зафар суханронӣ намуда, оид ба муҳим будани Лоиҳаи об ва бехатарии экологӣ, тозагии муҳит ва амалисозии барномаҳои пешгирикунанда, бурдани пажӯҳишҳои илмӣ ва омодасозии ҷавонон ба ихтисосҳои ҳаётан муҳим сухан ронда, иброз дошт, ки дар ин самт аллакай кафедраи экология як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. 

Сипас донишҷӯи бахши чоруми донишкада ихтисоси экология Муминшоев Ҳилолӣ, ки дар доираи ҳамкориҳои донишкада бо донишгоҳи Норвегия ба ин кишвар сафар намудааст, оид ба таҷрибаи андӯхтаи хеш сухан гуфт.

Дар қисмати дуюми семинари мазкур баҳри омӯзиши донишҷӯён ва истифодаи таҷрибаи натиҷадиҳанда муҳокимаронӣ дар шакли суолу ҷавоб сурат гирифт, ки дар ин қисмат профессор Насриддинов Замониддин як қатор суолҳоро аз худи профессор Харша Ратнавира пурсид, то барои донишҷӯён таҷрибаи кории ин олимони сатҳи ҷаҳонӣ, ҳамчунин роҳкораш баҳри расидан ба қуллаҳои баланди илм мусоидат намояд.  Муҳокима ва муколама дар сатҳи олӣ сурат гирифта, як қатор донишҷӯёну омӯзгорон низ ба суолҳои хеш дар ин муколамаи сатҳи олӣ посух гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки профессор Харша Ратнавира профессори фахрии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон буда, дар миёни коллективи омӯзгорон эҳтироми беандоза дорад ва ҳамин аст, ки семинари имрӯза ба ҷойи 40 дақиқа ба соатҳо тӯл кашид. 

Ҳамзамон дар семинари имрӯза Малик Қосимович профессори Донишгоҳи ҷанубу шарқии Қазоқистон ширкат намуд, ки мавсуф низ аз ҷумлаи меҳмонони ифтихории  донишкада мебошад.

 

Шуъбаи иттилоот