ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН
ДОНИШГОҲИ ИЛМҲОИ ТАБИИИ НОРВЕГИЯ (NMBU)
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХИМИКӢ-ТЕХНОЛОГИИ УКРАИНА
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯъи
“Истифодабарии захираҳои табиӣ, экология ва рушди устувор”
Шуморо барои иштирок дар кори конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ, ки санаи 24 сентябри соли 2022 дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 дар мавзӯъи “Истифодабарии захираҳои табиӣ, экология ва рушди устувори” баргузор мегардад, даъват менамоем.
Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Самтҳои конференсия:
- Бехатарии экологӣ ва арзёбии таъсир ба муҳити зист дар соҳаи саноати ҷумҳурӣ;
- Омода намудани мутахассисони баландихтисос ва маърифати экологӣ;
- Технологияҳои сабз дар саноати кӯҳию металлургӣ;
- Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии захираҳои обӣ;
- Муаммоҳои рушди соҳаи металлургияи ранга ва сиёҳ;
- Сифати таҳсилот дар ихтисосҳои самти кӯҳию металлургӣ;
- Илм ва истеҳсолоти саноатӣ, тиҷоратикунонии натиҷаҳои корҳои илмию-таҳқиқотӣ;
- Самаранокии иҷтимоию иқтисодии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ;