Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон рафиқи шафиқи ҳамаамон, профессори Донишгоҳи илмҳои табии Норвегия, координатори Лоиҳаи байналмилалии “Ҳамоҳангии об” Харша Ратнавираро бинобар сабаби таъйин гардиданаш ба вазифаи директори Шӯрои ассотсиатсияи байналмилалии об табрику таҳният гуфта, ба ӯ дар ин вазифаи пурмасъулият ва баланд барору комёбиҳои беназирро таманно менамоем.
Дар доираи ҳамкориҳои муштарак хеле корҳо дар пажӯҳишҳо ва лоиҳаҳои об донишкада бо профессор Харша Ратнавира анҷом дода шуд, ки мо ин хидматҳои профессорро қадр менамоем.
Бори дигар профессор Харша Ратнавираро табрик намуда ба ӯ дар ин самти корӣ барору комёбиҳои навро хоста, таманно онро менамоем, ки профессор Харша Ратнавира ба ҳамаи орзуҳои неки хуб бирасад.
Ҳайати профессориб омӯзгории ДКМТ