Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳрванд Хоҷаев Саидҷон Одинаевичро қабул намуд. Дар қабули шаҳрванд ректори донишкадаро муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ва намояндаи шуъбаи иттилоот ҳамроҳӣ намуданд. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ арзи шаҳрванд Хоҷаев Саидҷонро, ки аввалин хатмкунандаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад, шунида пас аз суҳбат ба масъулин дастур дод, ки мавсуф ҳамчун омӯзгори кафедраи конҳои канданиҳои фоиданок ба кор қабул карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳар ҳафта ду рӯз қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректор дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст ва шаҳрвандон метавонанд, тавассути сабти номи хеш дар шуъбаи умумӣ ва назорат ба қабули шаҳрвандон роҳ ёбанд.
Шуъбаи иттилоот